Менеҷери амалиётии филиали Душанбе
Furuz фаъолияти худро соли 1999 дар доираи барномаи «Рушди соҳибкории хурд»-и Ташкилоти хайриявии Миллениум оғоз кардааст. Баъдан соли 2006 пас аз гирифтани иҷозатномаи Бонки миллии Тоҷикистон, Фуруз худро хамчун Ташкилоти қарзии хурд ба қайд гирифтааст. Соли 2022 бо Қарори Раёсати Бонки миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ташкилоти Амонатии Қарзии Хурди Фуруз соҳиби Иҷозатнома (литсензия) барои анҷомдиҳии фаъолияти бонкӣ гардид.Муассисони ташкилот шаҳрвандони Сингапур, Олмон, Швейтсария ва ИМА мебошанд. Саридораи Ташкилот дар ш.Бохтар буда, айни ҳол марказҳои хизматрасонии мо дар шаҳрҳои Душанбе, Ҳисор, Бохтар ва ноҳияҳои Кушониён, Ҷ.Балхӣ, Шаҳритус, Ҳамадонӣ фаъолият доранд. Вазифаи кор:• Мусоидат намудан дар пешбурди фаолияти филиал ва ҳангоми зарурат ташриф овардан ба МХМХ-ҳои зертобеи филиал;• Кӯмак расонидан барои расидан ба ҳадафҳои ташкилот оиди сандуқи қарзӣ, амонатӣ, даромаднокӣ, идоракунии хавфҳо ва дигар хизматрасониҳои Ташкилот;• Иштирок дар Кумитаи қарзӣ, таҳлил намудани тиҷорат/фаъолияти мизоҷон;• Кӯмак намудан дар идоракунӣ ва омӯзиши кормандон;• Намояндаги намудани ташкилот бо хадамотҳои гуногуни давлатӣ ва шарикони ташкилот.• Кӯмаки расонидан ба директори филиал ва ҳангоми зарурат иваз намудани Мудирони МХМХ-ҳои зертобеи филиал.Талабот:• Маълумоти олии дахлдор;• На камтар аз 3 сол таҷрибаи корӣ дар соҳаи бонкӣ, алахусус дар қарздиҳӣ;• Таҷрибаи корӣ дар вазифаи роҳбарикунӣ, таҷриба ва малакаи идоракунии кормандон;• Таҷрибаи иштирок дар кумитаҳои қарзӣ, таҳлили тиҷорат;• Донистани забонҳои тоҷикӣ ва русӣ – забони англисӣ афзалтар дониста мешавад;• Малакаҳои кор бо компютер, маҳорати кор бо ҷадвалҳои электронӣ ва муҳаррирони матнӣ.Довталабони ҳавасманд метавонанд анкетаи худро (CV ё резюме) ба почтаи электронии hr@furuz.tj равон намоянд. Танҳо номзадҳое, ки ба талаботҳои вазифа ҷавобгӯ мебошанд ба суҳбат даъват карда мешаванд.Телефон барои маълумот: 988-35-08-48.
Furuz,
Дирӯз 14:01,
Душанбе
Ҷои кор »
Бонкҳо, суғурта, лизинг