Хазиначи-амалиётгари бэк офиси сайёр дар ш. Бохтар
Ҷои корӣ доимӣ бо имкониятҳои касбӣ меҷӯӣ ???
Пас ба коллективи мо ҳамроҳ шав !
“Фурӯз” аз соли 2006 ҳамчун Ташкилоти Қарзии Хурд фаъолияти қарздиҳии худро оғоз намуда, соли 2022 соҳиби иҷозатнома барои анҷомдиҳии фаъолияти бонкӣ гардидааст ва фаъолияти худро то инҷониб ҳамчун Ташкилоти Амонатии Қарзии Хурд давом дода истодааст.
Муассисони ташкилот аз Аврупо, Амрико ва Сингапур мебошанд.
Саридораи Ташкилот дар ш.Бохтар буда, айни ҳол марказҳои хизматрасонии мо дар шаҳрҳои Душанбе, Ҳисор, Бохтар ва ноҳияҳои Кушониён, Ҷ.Балхӣ, Шаҳритус, Ҳамадонӣ фаъолият доранд.
Вазифаи кор:
•Додани пули қарзӣ ва қабул кардани пардохти қарз аз мизоҷ
•Мубодилаи асъор
• Бурдани ҳуҷҷатҳои ташкилот ба бонк
• Бурдани дафтари хазинавӣ
• Бурдани ҳуҷҷатҳои лозимаи хазинавӣ
Талабот:
• Маълумоти миёна (ё олӣ)
• Таҷрибаи кор дар соҳаҳои гуногун(дар соҳаи бонк афзалиятнок шуморида мешавад).
• Донистани забонҳои тоҷикӣ ва русӣ.
• Қобилияти робитасозӣ
Довталабони ҳавасманд метавонанд ҳуҷҷатҳои худро (CV/Resume) ба суроғаи электронии hr@furuz.tj (дар мавзӯи мактуб номи вазифае, ки месупоред қайд намоед) ва ё ба Саридораи ташкилоти амонатии қарзии “Фуруз” дар шаҳри Бохтар, кӯчаи Айни 27 пешниҳод намоянд.
Телефон барои маълумот:988-35-08-48, 72 72
Эълонҳои монанд
Аз натиҷаҳои ҷустуҷӯҳои худ натиҷагирӣ кунед