Мутахассиси калони шӯъбаи хизматрасониҳои молиявии рақамӣ
- Стаж: от 3 лет
- Название, адрес компании: Головной офис ПМБ
- График: Полный день
- Сфера деятельности компании: Банк
АБМХ ҷои кори холиро барои вазифаи Мутахассиси калони шӯъбаи хизматрасониҳои молиявии рақамӣ барои саридора эълон менамояд.
Корманд барои хизматрасонии муштариёни ҳуқуқӣ дар сегменти музди меҳнат ва хидматрасонии тоҷир, инчунин таҳкими муносибатҳо бо портфели мавҷудаи мизоҷон масъул мебошад.Вазифаи асосӣ – дастгирӣ, машварат ва қабули қарор дар соҳаи чунин воситаҳои пардохти бонкӣ: QR, POS терминал ва интернет-банкинг.
Вазифаҳои асосӣ:
- Таҳлили муҳити рақобат дар бахшҳои музди меҳнат ва тоҷирон.
- Таҳия ва татбиқи стратегияҳои маҳсулоти нави бонкӣ.
- Бастани шартномаҳо ва рушди шарикӣ. - Омода ва пешниҳоди мавод барои кормандон.
- Тасдиқи пардохтҳо (F2) ба системаҳои бонкӣ барои лоиҳаҳои музди меҳнат.
- Назорат аз болои сари вақт ба суратҳисоби тоҷирон ворид намудани пардохтҳо ва анҷом додани амалҳо аз рӯи онҳо.
- Таҳияи ҳисоботҳои ҳарҳафтаина оид ба транзаксияҳои QR/POS.
Талаботҳо:
- Маълумоти олӣ дар соҳаи иқтисод ва молия.
- Таҷриба дар идоракунии лоиҳа ё соҳаҳои алоқаманд
- Истифодабарии боэътимоди компютер, MS Office, Visio.
- Донистани забонҳои тоҷикӣ ва русӣ, донистани забони англисӣ қобили қабул аст.
- Малакаҳои муошират барои ҳамкории муассир бо мизоҷон, тоҷирон ва ҳамкорони корӣ.
- Қобилияти таъсиси шарикӣ ва дастгирии рушди онҳо.
- Қобилияти идоракунии самараноки вақт, муайян кардани афзалиятҳо ва таъмини иҷрои саривақтии супоришҳо дар доираи лоиҳаҳо ва равандҳои бизнес.
Шумо метавонед резюмеи худро тавассути почтаи электронии hr@fmfb.com.tj бо нишон додани номи вазифа дар сатри мавзӯъ то 10 маи соли 2024 ирсол намоед.
Танҳо номзадҳои соҳибихтисос ба мусоҳиба даъват карда мешаванд.
Похожие объявления
Следите за обновлениями в разделе "Избранное"